Подшохе ба чўгидухтаре дил бохт ва ўро ба болои занхояш гирифт. Вале чўгидухтар дар чоху чалоли шохона шоду хуррам набуд. Подшох барои асрори хазинии ўро фахмидан духтарро дар хона танхо гузошт ва поид. Чўгидухтар дергох нишаст ва бархоста аз нондон нонро гирифта, ба токчахо гузошт ва халтаеро ба китф овехта, назди хар токчае рафта «Хайр бикун» мегуфт ва нонро гирифта ба халта меандохт... Подшох сабаби махзунии ўро дарёфта гуфт: «Хўе, ки бо шир ба тан дарояд, бо љон барояд».