Ва замоне ки сипохи баргузидайи макдуни бар асари лашкари гурезони Доройи Саввум асб метозонд, каргасрез шуд фазойи размгохи шохи бандиву сатрапхойи саркаш. Ин бор Искандар каргасрези хаёливу сохта на, балки мургонеро дид, ки аз хад зиёд бузург метофтанд ва пару боли беш доштанд. Чувозак мегаштанд онхо.