Бо соҳибистиқлол гардидани Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷодаи илм дастовардҳои муҳими моддиву маънавӣ ба миён омаданд, муҳиту фазо тағйир ёфт ва диди муҳаққиқон дигар гашт. Олимону муҳаққиқони тоҷик аз мактабҳои олимони ҷаҳонӣ баҳравар гардида, бар асоси он мактабҳои илмии худро бунёд гузошта, дар тарбияи ахлоқӣ ва ҷаҳонбинии гуманистии шаҳрвандон замина ба вуҷуд оварданд.Публитсистика низ чун як шохаи мустақил инкишоф ёфт. Мақсади асосии он инъикосу таҳқиқи воқеаву ҳодисаҳои ҳамарӯза буда, дар баробари ин ақидаи ахлоқӣ ва фалсафии гузаштагонро ба ҳам пайваст
карда, рисолати маънавии худро иҷро намуда истодааст.