Дар солҳои аввали таъсиси давлати шуравӣ, бино ба сари ҳокимият омадани понтуркистҳо, чи дар ҷумҳурии Туркистони шӯравӣ ва чи ҷумҳурии халқии шӯроии Бухоро бо пуштибонии роҳбарони вақти шӯравӣ, бо ҳар роҳу васила ба табъу нашри ҷаридаву маҷалла, таъсиси макотиби нав ва интишори китобҳои дарсӣ барои фарзандони мардуми тоҷик бо забони модариашон монеъа эҷод мекарданд. Вале бо ин ҳама монеъаву мушкилот 11 марти соли 1912 шумораи нахустини рӯзномаи "Бухорои шариф" ба табъ расида, ба рӯзноманигории тоҷик поя гузошт.