Рӯзномаи "Бухорои Шариф"ҷумъа 29 июн

(0 Баррасии корбарон)   61   36
Садриддин. А. Бухорои нав 1912
Мубодилан кунед

Маорифпарварони Бухоро илоҷи таъсис додани рӯзномаро бо забони мардуми таҳҷойии Бухоро ба воситаи мудири матбаа Левини яҳудӣ, ки ӯро барои фоидаи зиёд дидан аз чопи рӯзнома шавқманд гардонида розӣ кунониданд. Дар мактуб ба Элчихонаи рус (Консулигарии Империяи Русия дар аморати Бухоро воқеъ дар Когон) таъкид доштанд, ки таъсис додани нашрияе ба забони мардуми маҳаллии Бухоро ба рушду ривоҷи муносибатҳои тиҷоратии Бухорову Русия кумак мекунад. Инчунин барои итминони амири Бухоро ва Элчихонаи рус, Мирзохоҷа Мирзобадаловро, ки дар Элчихонаи рус мутарҷим буд, ба ҳайси мудири масъули нашрия муаррифӣ карданд. Рӯзномаи “Бухорои Шариф” дар мавқеи маорифпарварӣ истода, хонандагони худро бо забони сода аз воқеаҳои ҷаҳон, масъалаҳои гуногуни таърихӣ, ҷуғрофӣ, адабиёт ва ғайра огоҳ мекард. Дар саҳифаҳои он махсусан зарурияти омӯхтани илму дониш ва мақолаҳои ташвиқотӣ, оид ба ин масъала чоп мешуданд.

Ягон баррасиҳо барои ин китоби электронӣ вуҷуд надорад.

0
0 аз 5 (0 Баррасии корбарон )

Барраси илова кунед

Рейтинги шумо *

Китобҳои электронии алоқаманд