Рӯзномаи "Бухорои Шариф" якшанбе 11 март

(0 Баррасии корбарон)   58   23
Садриддин. А. Бухоро 1912
Мубодилан кунед

Бухорои Шариф - рӯзномаи нахустини форсии тоҷикӣ мебошад.

Бо ташаббуси ҷадидони Бухоро (ниг. Ҳаракати ҷадидия) аввалин рӯзномаи форсии тоҷикӣ “Бухорои Шариф” - аз 11 марти соли 1912 (4 рабеулохири 1330 ҳиҷрӣ) дар матбааи хусусии тоҷири яҳудитабор Л.Н. Левин, воқеъ дар шаҳраки Когон (Бухорои Нав, наздикии Бухоро) нашр гардид. Рӯзнома дар матбааи Когон бо ташаббуси равшанфикрони машҳури тоҷик - тоҷир ва миллионери бухороӣ Мирзо Муҳиддин Мансуров (Мансурзода) (1862 – 1934) ва шоир, сайёҳ, ҳаким, публисисти бухороӣ Мирзо Сироҷи Ҳаким (1877 - 1914) чоп шуда буд. Муҳарририи рӯзнома ба уҳдаи яке аз донишманди забону адабиёти форсии тоҷикӣ, адиб ва рӯзноманигори маъруф Мирзо Ҷалол Юсуфзода (1862 - 1931), ки ӯро аз Боку ба Бухоро даъват кардаанд, гузошта шуда буд.

Ягон баррасиҳо барои ин китоби электронӣ вуҷуд надорад.

0
0 аз 5 (0 Баррасии корбарон )

Барраси илова кунед

Рейтинги шумо *

Китобҳои электронии алоқаманд