“Бухорои Шариф” пас аз шаш моҳи фаъолият ба мушкилиҳо дучор шуд. Аввал? Левини яҳудӣ, ки аз чопи нашрия фоидаи кам дид, аз чопи он даст кашид. Аз тарафи дигар, умедвории ноширони “Бухорои Шариф” аз дастгирии оммавӣ,торафт афзудани муштариёну харидорони нашрия, бароварда шуд. Вале умри кӯтоҳи “Бухорои Шариф”-ро танҳо сабаби молӣ набуд. Садриддин Айнӣ бо ишора ба ин менависад, ки “Бухорои Шариф” ва «Турон» «рӯз ба рӯз диққати мардумро ба худ бештар ҷалб мекарданд…. Дар тасаввури хонандагон, фикрҳои нав пайдо шудан гирифт. Ин вазъ ба кайфи Элчихона мувофиқ наомад» Рӯзномаи “Бухорои Шариф” ҳамагӣ 153 шумора нашр гардид ва ниҳоят, баста шуд. 2 январи соли 1913 аз ҷониби Элчихонаи Россия ба унвони идораи нашрия мактубе расид, ки бо хоҳиши амир аз нашр боздошта шудани рӯзномаҳои “Бухорои Шариф” ва «Турон» хабар медод.