Рӯзномаии “Бухорои Шариф” аввалин бор хонандагони тоҷик ва тоҷикзабони бухороиро бо асарҳои нависандаи бузурги рус Л.Н.Толстой (таҳти сарлавҳаи “Осори Гроф Толстой” 12 асари ӯро чоп кардааст), “Хикояҳои чини”-и адиби фаронса Анри д. Рине, “Данко” ва “Кампир Изергил”-и А.М.Горкий ва бо дигар асарҳои нависандагони дунё шинос намудааст.
Ҷадидони Бухоро, инчунин дар аморати Бухоро мавҷудияти туркзабонҳоро ба инобат гирифта аз 14 июли соли 1912 сар карда, то 2 январи соли 1913 рӯзномаи “Тӯрон”-ро (ҳамагӣ 49 шумора) низ ба забони ӯзбакӣ нашр намуданд.